29 майи соли 2018 бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 6, 141 ва 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 12, 13 ва 14-и Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бинобар қатъ гардидани амали фаъолияти Иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Суғуртаи Наҷот” фаъолияти он қатъ гардид.
Тибқи қарори зикршуда дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор оид ба хориҷ намудани ҶДММ “Суғуртаи Наҷот” ворид карда мешавад.
Шуъбаи матбуоти БМТ