Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Игор Суворов

Бойгонии ахбор
31.05.2018

Мулоқоти Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Игор Суворов

31 майи соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Ҳайати намояндагони Бонки байнидавлатӣ таҳти сарварии Президенти бонки мазкур Суворов Игор Георгевич доир гардид.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ташрифи Ҳайати намояндагони Бонки байнидавлатиро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, онҳоро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ шинос намуд.

563A1420.jpg

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба чанд масъала, аз ҷумла натиҷаҳои молиявии фаъолияти Бонки байнидавлатӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар, имконияти зиёд намудани ҳаҷми амалиётҳои вогардонӣ (конверсионӣ) аз рӯи суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо рубли русӣ ва кушодани суратҳисобҳо бо асъори миллии дигар давлатҳои аъзои Бонки байнидавлатӣ, имконияти доир кардани амалиётҳои СВОП ва иштирок дар бозори коғазҳои қиматнок диққати махсус зоҳир намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Бонки байнидавлатӣ бо назардошти имконият ба мутахассисони Бонки миллӣ барои табодули таҷриба дар самтҳои муҳимми низоми бонкӣ имконият дода шавад. Бахусус ба табодули таҷриба дар самти гузаронидани амалиётҳо дар бозори байнибонкӣ ва омӯхтани таҷрибаи фаъолият дар доир кардани амалиётҳои Биржаи байнибонкии асъории шаҳри Москва, инчунин андӯхтани таҷрибаи Бонки байнидавлатӣ дар раванди идоракунии дороиҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

563A1413.jpg

Президенти Бонки байнидавлатӣ Игор Суворов дар навбати худ оид ба натиҷаи фаъолият, дастовард ва нишондиҳандаҳои Бонки байнидавлатӣ, инчунин сармояи оинномавӣ ва механизми зиёд намудани сармояи бонк ва таъсиси Фонди пули миллии давлатҳои аъзо дар Бонки байнидавлатӣ сухан ронда, афзуд, ки барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни Бонки байнидавлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи боз ҳам хубтар талош хоҳад варзид

Дар ҷамъбаст, Раиси Бонки Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳоро бо Бонки байнидавлатӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои андӯхтани таҷрибаи Бонки байнидавлатӣ дар самти ҷорӣ кардани назорати комплайнс, аз ҷумла аз рӯи тартиби “донистани мизоҷи худ”, ки имкони баҳодиҳии ҳолати мизоҷро амалӣ ва сатҳи хавфи комплайнсро коҳиш медиҳад, изҳори умед кард. Дар вохӯрии мазкур сардори шуъбаи институтҳои молиявии Бонки байнидавлатӣ Владимир Васяткин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.

563A1407.jpg

Бонки байнидавлатӣ институти байналмилалии бонкии ҳисоббаробаркунӣ ва қарзӣ буда, соли 1993 аз ҷониби давлатҳои узви ИДМ таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни Бонк Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Кирғизистон, Молдова, Федератсияи Русия ва Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Украина маҳсуб меёбанд.

Ҳадафи Бонки байнидавлатӣ - мусоид намуданд ба ҳамгироии иқтисодӣ ва суръати иқтисодиёти давлатҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо роҳи ширкат дар лоиҳаҳои аҳамияти байнидавлатидошта ва рушди амалиётҳо бо асъори миллӣ мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку