Дар рӯзҳои таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”, рӯзи 2 июни соли 2018 дар шаҳраки 33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Ҷаббор Расулов ва Низоми Ганҷавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон майдончаи варзишию фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Фаррух, Раиси ноҳияи Синои пойтахт Салимзода Нусратулло, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола ва истиқоматкунандагони шаҳрак иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Фаррух ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, зимни баромади худ аз ҷумла чунин гуфт: “Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, роҳандозии ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан наврасону ҷавонон саҳми беандоза дорад. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ шудааст, сохтмони майдончаи варзишии мазкур моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати муқарраргардида омода ва бо сифати баланд ба истифода дода шуд”.
Раиси ноҳияи Синои пойтахт Салимзода Нусратулло зимни суханронӣ ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶДММ “Бунёд-сифат” барои сохтмони майдончаи варзишӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз сокинони шаҳрак даъват ба амал овард, ки дар ободу зебо гардидани маҳал ва шаҳрак саҳмгузор бошанд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола Ҷумаевна дар навбати худ иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон иқдомҳои созандаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор, аз ҷумла пойтахти кишварамон саҳми арзандаи худро мегузорад ва сохтмони майдончаи варзишӣ давоми чунин тадбриҳост”.
Дар фароварди ҷамъомад раиси шаҳраки 33-и ноҳияи Синои пойтахт Пирова Арӯсмо ба Роҳбарияти шаҳр, ноҳияи Сино, бахусус Бонки миллии Тоҷикистон миннатдории худ ва сокинонро изҳор намуда, аз волидайн даъват ба амал овард, то фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намуда, ба қадри ин гуна ободкориҳо бирасанд.
Маврид ба зикр аст, ки майдончаи варзишию фароғатӣ дар масоҳати 0,22 га бо арзиши беш аз 840 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншооти варзишӣ аз майдончаи стандартии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, бозиҳои кӯдакона, айвончаҳо бо насби курсиҳои нишаст барои фароғати сокинон иборат буда, бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ ва шаклу усулҳои нави сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Дар ҳавлича ва гирду атрофи он беш аз 7,5 ҳазор бех гулҳои ороишиву дарахтҳои ҳамешасабз, 700 метри мураббаъ сабзазор шинонида шуда, барои нигоҳубин ва ҳамеша сабзу мунаввар нигоҳ доштани ҳудуди майдонча хатти об бо обмонакҳои махсус гузаронида шудааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ