11.06.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи назорати суғуртавӣ
I
сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ва бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаҳои бонкӣ ва суғуртавӣ;
- маҳорати таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани Ms OfficeWord, Excell, Power Point, Adobe Acrobat ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
- доштани фарҳанги баланди муошират;
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ ё соҳаи суғурта на кам аз 3 сол.
II
мутахассиси пешбари шуъбаи назорати ташкилотҳои суғуртавӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ;
- донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи бонкӣ ва суғурта;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- малакаи таҳлилӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- донистани тарзи омода намудани таҳлилҳои оморӣ ва презентатсияҳо;
- малакаи кор дар компютер, донистани Ms OfficeWord, Excell, Power Point ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ – афзалият дорад);
- доштани фарҳанги баланди муошират;
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ ё соҳаи суғурта на камтар аз 2 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
· ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
· Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 25.06 с.2018