21 июни соли 2018 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) хонум Бетси Нелсон, ки бо сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо оид ба самтҳои ҳамкории дуҷониба ва дурнамои фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар оғози мулоқот Ноиби Президенти БАТР хонум Бетси Нелсон аз муколамаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, назари Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистонро дар ин хусус пурсон шуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз сатҳи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, хостори татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз ҷониби БАТР ба бахши хусусии мамлакат шуд. Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки дар баробари татбиқи лоиҳаҳо ба инфрасохтори давлатӣ таваҷҷуҳ ба бахши хусусӣ хеле муҳим аст, зеро бахши хусусӣ дар иқтисодиёти давраи гузариш, ки ба Тоҷикистон низ хос аст, нақши муҳаррикро иҷро мекунад.
Дар баробари ин, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи хонум Бетси Нелсонро ба сармоягузории бахшҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла лоиҳаи “НБО Роғун” ҷалб намуд, зеро соҳаи гидроэнергетика барои минтақа соҳаи самарабахш маҳсуб меёбад. Ҷамолиддин Нуралиев инчунин барои идомаи ҳамкорӣ дар бахши идоракунии корпоративии соҳаи бонкӣ, зарурати баҳодиҳии сифати дороиҳои низоми бонкӣ бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, муҳайё шудани намоянда аз Тоҷикистон дар БАТР бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои тарафайн изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Дар идомаи мулоқот Ноиби Президенти БАТР хонум Бетси Нелсон зикр намуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои имконпазир ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои хизматрасониҳои молиявӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкории хусусӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт. Номбурда оид ба идомаи ҳамкорӣ дар самти идоракунии корпоративии соҳаи бонкӣ, инчунин баррасӣ намудани пешниҳодҳои Ҷамолиддин Нуралиев дар робита ба кӯмаки техникӣ барои гузаронидани баҳодиҳии сифати дороиҳои низоми бонкӣ ибрози назар намуд.
Бояд қайд кард, ки мулоқоти мазкур дар фазои хеле мусоид ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дар он инчунин Намояндаи доимии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ