САДОИ МАРДУМ, №77 (3871) 23.06.2018
20 июни соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.
Дар баробари масъалаҳои дигари рӯзнома дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» баррасӣ гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин ИКРОМӢ ба сухан баромада, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда дар робита ва алоқамандӣ ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таҳия шудааст.
Лоиҳаи мазкур бо дарназардошти тавсияҳои мушовирони байналмилалии Хазинаи байналмилалии асъор таҳия гардида, иҷрои муқаррароти Матритсаи Барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маблағгузории сиёсати рушд таъмин намуда, ҳамчунин қонуни амалкунанда «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»-ро такмил ва ба қонунгузории ҷорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ менамоянд.
Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади дастгирии ташкилоти қарзӣ дар вазъи буҳрони молиявӣ дарҷ гардидаанд, дар бар мегирад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба ҳалли масъалаҳои зерин равона шудааст:
Сипас, сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода шуд, ки мавсуф аз ҷумла қайд намуд:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2018, № 1777 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин 20 таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита (12 июни соли 2018) лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз 20 таклифи пешниҳодшуда 11-тоаш қабул гардид.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир пешниҳод намуд, ки лоиҳаи қонуни зикргардида ҷонибдорӣ карда шавад.
Ҳамин тавр, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
www.sadoimardum.tj