23 июни соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон муаррифии навбатии рӯнамоҳо аз даври омӯзиши мутахассисони бонк баргузор гардид.
Сардорони як қатор воҳидҳои сохтории бонк, аз ҷумла, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ Накатова Моҳбону, сардори Идораи амалиёт дар бозори озод Ёқубов Мирҳаёт, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Билолов Фарҳод, сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкӣ Уроқова Кибриё ва сардори шуъбаи таҳлили хавфҳои захираҳои байналмилалии Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Файзалии Сафаралӣ, аз натиҷаи даври омӯзишӣ ва иштирок дар семинарҳои байналмилалӣ дар назди ҳамкорон бо рӯнамоиҳо баромад намуданд.
Зимни пешниҳоди рӯнамоиҳо баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои “Ҳамгироии иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ва таҷрибаи мамлакатҳои CAREC дар шароити таъсири шокҳои берунӣ”, “Сиёсати пулию қарзӣ“, “Татбиқи сиёсати монетарӣ”, “Боэътимодии муассисаҳои молиявӣ: асоси устуворӣ, рушд ва пешравӣ”, “Роҳбарият дар пешбурди сиёсати дастрасии молиявӣ”, “Омӯзиши таҷрибаи Бонки миллии Қирғизистон оид ба назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои молиявии қарзие, ки тибқи принсипҳои фаъолияти бонкӣ ва маблағгузории исломӣ амалиёт мегузаронанд” ва “Маблағгузории молиявии БАТР“ бо пешниҳоди слайдҳо ва инфографикаҳои ҷолиб муаррифӣ намуда, оид ба бардошт ва таҷрибаҳои андӯхтаи хеш аз рафти семинару машғулиятҳои омӯзишӣ дар хориҷ аз мамлакат ҳисобот доданд.
Дар қисмати дуюми ҷаласа, мутахассисони Департаменти мониторинги молиявии БМТ бо роҳбарии муовини директор Закирова Таҳмина аз натиҷаи иштирок дар ҷаласаҳои пленарии Гурӯҳи АврОсиё оид ба МҚД/МТ, ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), нишасти солонаи коршиносони ФАТФ оид ба типологияҳои қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм рӯнамоӣ пешниҳод намуда, роҳандозии чунин курсҳои омӯзиширо дар пешбурди фаъолияти минбаъдаи департамент муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ рӯнамоҳо аз ҷониби кормандон мавриди муҳокима қарор дода шуда, иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки муаррифии рӯнамоҳо бо ташаббуси Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадаф аз роҳандозии он омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани донишу малакаи кории мутахассисони низоми бонкӣ мебошад.
Шуъбаи матбуоти БМТ