Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк (Олмон) бо Бонкҳои Марказӣ, дар доираи барномаи таълимӣ рӯзҳои 23- 27 июли соли 2018, дар Бонки миллии Тоҷикистон барои мутахассисони Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Таҳлили қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва низоми баҳогузории дохилӣ” семинари байналмилалӣ баргузор гардид.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола дар оғози семинар суханронӣ намуда, қайд кард, ки низоми идоракунии хавфҳо, хусусан нақши идораи хавфҳои қарзӣ дар рушди устувори ташкилотҳои қарзӣ омили муҳим арзёбӣ мегардад, зеро сандуқи қарзӣ қисми асосии дороиҳои бонк маҳсуб меёбад.
- Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ, инчунин танзими меъёрҳои бонкӣ тақозо менамоянд, ки кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар машғулиятҳои таълимӣ ва тренингҳо оид ба пешгирӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии хавфҳо фаро гирифта шаванд.
Баргузории машғулияти таълимии имрӯза бо дастгирии бевоситаи Дойч Бундесбонк муяссар гардида, доктор Томас Госвин - яке аз мутахассисони варзидаи бахши низоми бонкӣ, ки дар таҳияи Низоми шахсии баҳодиҳии қарзии Дойч Бундесбонк ширкат дошт, тӯли чор рӯз оид ба таҷрибаи худ дар бунёди ин низом ба мо маълумот хоҳад дод. Бо боварӣ метавон гуфт, ки бардоштҳо аз машғулияти имрӯза зимни таҳияи низоми баҳодиҳии қарзӣ ва модули хавфҳои қарзӣ барои ташкилотҳои қарзӣ кӯмак хоҳад кард, - зикр намуд Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Хотиррасон мекунем, ки дар рафти семинари чоррӯза мушовири Маркази ҳамкориҳои техникии Дойч Бундесбонк бо Бонкҳои Марказӣ (Олмон) доктор Томас Госвин ба иштирокдорон оид ба таҳлили қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва низоми баҳогузории дохилӣ тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами Бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон маълумот хоҳад дод.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 1999 то инҷониб бо Дойч Бундесбонк (Олмон) дар самти таълим ва такмили маҳорату дониши касбии кормандон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар ин давра зиёда 478 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар курсҳо ва семинарҳои Дойч Бундесбонк маҳорати касбии худро такмил додаанд. Инчунин, то охири соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони Дойч Бундесбонк роҳандозии якчанд машғулиятҳои дигар дар шаҳрҳои Франкфурт ва Душанбе ба нақша гирифта шуда, минбаъд низ ҷалби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ба даврҳои омӯзишии барномаҳои таълимии бонки мазкур идома дода хоҳад ёфт.
Шуъбаи матбуоти БМТ