31 июли соли 2018 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо сармушовири Бонки Исломии Рушд ҷаноби Яҳё Алим ур Раҳмон, ки бо сафари корӣ аз 30 июл то 1 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод. Мулоқоти мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи кӯмаки техникии “Рушди бахши маблағгузории исломӣ дар самти танзим ва назорат дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дастгирӣ меёбад, доир гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вобаста ба натиҷаи ҳамкории Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” бо Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқа намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни марҳилаи дуюм суҳбат намуданд.
Зимни мулоқот муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдодаи Ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdn” бо Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон ва муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии низоми бонкии мамлакатро ба ҳамкории боз ҳам зичу судманд дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии низоми бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисони бонкӣ баъди анҷоми лоиҳаи мазкур изҳор дошт.
Сармушовири Бонки Исломии Рушд ҷаноби Яҳё Алим ур Раҳмон дар навбати худ ба фаъолияти Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати машваратии байналмилалии “ISRA Consultancy Sdh” баҳои хуб дода, пешниҳоди идома додани ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистонро қобили қабул донист.
Дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо инчунин, раванди татбиқи лоиҳаи “Рушди бахши маблағгузории исломӣ дар самти танзим ва назорат дар Тоҷикистон” ва баъди анҷоми он, дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳо ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушдро баррасӣ намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ