24.08.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд
I
Мутахассиси дараҷаи I шуъбаи таҳия ва татбиқи сиёсати пулӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ;
- сатҳи кофии дониш дар соҳаи макроиқтисодиёт, назарияи иқтисодиёт ва моделсозӣ;
- қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи ҳисоботҳо;
- донистани забонҳои барномаҳои эконометрикии Exсel, Stata, Eviews ва Matlab;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
II
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи тадқиқот ва моделсозӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, техникӣ-иқтисодӣ;
- донистани забонҳои барномаҳои эконометрикии Exсel, Stata, Eviews ва Matlab;
- доштани касбият дар соҳаи эконометрика, тадқиқотӣ ва моделсозӣ;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ.
Идораи муносибатҳои байналмилалӣ
III
Мутахассиси дараҷаи II шуъбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ;
- донишу таҷрибаи корӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
- доштани маълумоти кофӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ;
- малакаи гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;
- дониши хуби макроиқтисодиёт ва алоқамандии бахшҳои макроиқтисодӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point) ҳатмӣ;
- донистани забони давлатӣ, ва яке аз забонҳои хориҷии расмӣ ҳатмӣ мебошад;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН)
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.09 с.2018