13.09.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаи холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ
Сармутахассиси Бахши илмӣ-тадқиқотӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ , молиявӣ;
- доштани унвони илмӣ (Master,
s in Finance or in Economics, PhD);
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point , Visio – ҳатмӣ);
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
- маҳорати озоди истифодаи моделсозӣ дар барномаҳои эконометрикии Stata, Eviews, MatLab;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- 4 дона расм (андоза 3 x 4)
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома (справка-объективка);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Барои маълумот тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 27.09. 2018