19.09.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаи холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи ҳуқуқ
Мутахассиси пешбари Бахши санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии ҳуқуқӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
- доштани қобилияти хуби таҳлилӣ;
- маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои русӣ ва англисӣ;
- малакаи касбии кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power Point) ;
- донистан ва озод ҳарф задан бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- 4 дона расм (андоза 3 x 4)
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
- дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома (справка-объективка);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Барои маълумот тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 02.10. 2018