27.09.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил
Сармутахассис (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ/молиявӣ;
- доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳо;
- донистани асосҳои Стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ;
- малакаи касбии кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, PowerPoint ва дигар барномаҳо) ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- доштани таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 5 сол (фаъолият дар бахши банақшагирии молиявӣ афзалият дорад).
Мутахассиси пешбар (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ/молиявӣ;
- доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳо;
- малакаи касбии кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, PowerPoint ва дигар барномаҳо) ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);
- доштани таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 3 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- 4 дона расм (андоза 3 x 4)
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома (справка-объективка);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон
Барои маълумот тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 09.10. 2018