Санаи 8 октябри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти кории Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) аз ҷониби Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Белорус ва Тоҷикистон ҷаноби Веркашанский Сергей баргузор шуд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи тақсимоти лоиҳаҳои БАТР аз рӯи минтақаҳо ва бахшҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии лоиҳаҳои ҷорӣ ва таҳлили дурнамои онҳо, вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ табодули назар намуданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар робита ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди БАТР бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати тавсеа бахшидан ба муносибатҳои минбаъда дар самти дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла низоми бонкӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Директори иҷроияи БАТР аз ҷониби Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Белорус ва Тоҷикистон ҷаноби Веркашанский С.В. дар навбати худ ба таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт, бахусус лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои муҳими стратегӣ, шабакаҳои ҳамлу нақли барқ, инчунин рушди муносибатҳои муросилотии бонкҳои ватанӣ бо бонкҳои хориҷӣ изҳори омодагӣ намуда, таъкид дошт, ки барои вусъат додани ҳамкориҳои судманди БАТР ва БМТ дар ин самт мусоидат хоҳад намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур сардорони воҳидҳои дахлдори БМТ низ ширкат доштанд.
Шуъбаи матбуоти БМТ