09.11.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи омор ва тавозуни пардохт
I
Сармутахассиси шуъбаи омор (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ на камтар аз 2 сол;
- донистани забонҳои барномасозӣ ва дигарҳо;
- қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва донистани забони англисӣ афзалият дорад.
II
Сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё риёзӣ;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба ихтисос на камтар аз 2 сол;
- таҷрибаи корӣ вобаста ба омодаи ҳисоботҳои оморӣ на камтар аз 2 сол;
- малакаи зурурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ – касбӣ MS Office (Word, Excel, Power Point) ҳатмист;
- донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграммаҳо;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ ва донистани забони англисӣ афзалият дорад.
III
Мутахассиси пешбари шуъбаи тавозуни пардохт (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё риёзӣ-иқтисодӣ;
- малакаи кор дар компютерӣ – касбӣ MS Office (Word, Excel, Power Point) ҳатмист;
- қобилияти хуби таҳлилию тадқиқотӣ;
- донистани тарзи омода намудани ҷадвалҳои таҳлилии оморӣ ва диаграммаҳо;
- дар ҳайати коллектив кор карда тавонистан;
- доштани малакаи касбӣ на камтар аз 2 сол;
- донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
-
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
-
Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 23.11 с.2018