30.11.2018
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти назорати бонкӣ
I
Сармутахассиси Идораи таҳлили бонкҳо (3 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
- дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар низоми бонкӣ;
- надоштани доғи судӣ;
- доштани сертификатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои идоракунии хавфҳо, аудит ва баҳисобгирӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
· ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
· Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
· Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14.12 с.2018