5 декабри соли 2018 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандон дар мавзӯи “Вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷамъомад доир гардид.
Ҷаласаро сардори Идораи кормандони бонк Давлаҳмад Гадоев ифтитоҳ намуда, доир ба вазъ ва равандҳои демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад, сухан ронда, қайд кард, ки мавзӯи асосии демография ҳамчун илм тадқиқи қонунҳои таҷдиди табиии аҳолӣ аст, ки онҳо характери ҷамъиятӣ-таърихӣ доранд. Зеро қонунҳои инкишофи демографӣ қисми ҷудонопазир ва таркибии қонунҳои рушди ҷамъият ба шумор мераванд.
“Дар ҷамъият тамоми равандҳо: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба ҳам алоқаманд буда, робитаи мутақобила доранд.
Демография қонунҳои таҷдиди аҳолӣ, раванд ва ҳодисоти демографиро вобаста ба сохти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷамъият тадқиқ карда, омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, биологӣ ва географии ба аҳолӣ таъсиркунандаро низ меомӯзад”, - иброз намуд Д.Гадоев.
Корманди Дастгоҳи Роҳбарияти бонк, номзади илми иқтисод Гулнора Саломова дар навбати худ доир ба мафҳуми демография ва вазъи демографӣ, манбаҳои маълумот оид ба шумора ва таркиби аҳолӣ, тағйирёбии шумораи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, нишондиҳандаҳои асосии вазъи демографӣ, хулоса ва натиҷагирӣ оид ба вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии худро манзури ҳозирин гардонид.
Дар баромади худ Гулнора Саломова қайд кард, ки тибқи маълумотҳои оморӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши аҳолӣ дар байни 200 кишвари олам тақрибан дар ҷойи 97 қарор дошта, панҷ ҷойи аввалро кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Индонезия ва Бразилия ишғол менамоянд. Шумораи аз ҳама камтари аҳолӣ бошад, дар Ватикан ба қайд гирифта шудааст, ки аз 835 нафар иборат мебошад.
Инчунин, вазъи демографии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, таркиби синусолии аҳолӣ ҷавон ва ҷавонон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд. Вобаста ба таркиби синусолии аҳолӣ захираҳои меҳнатӣ дар мамлакат бо суръати баланд афзоиш ёфта, таркиби шумораи аҳолӣ аз рӯи вазни қиёсӣ дар минтақаҳо қариб бетағйир боқӣ мондааст”- зикр намуд Г.Саломова.
Дар қисмати ҷамъбастӣ, рӯнамоии мазкур аз ҷониби кормандон мавриди муҳокима қарор дода шуда, иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Шуъбаи матбуоти БМТ