11.01.2019
Эълони озмун
Ба таваҷҷуҳи довталабон ҷиҳати дастрас намудани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсуси ташкилоти қарзӣ
Талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда ва мудири махсус:
Барҳамдиҳанда ва мудири махсус бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- собиқаи кории на камтар аз панҷсола бо ихтисосҳои иқтисодчӣ,
-
муҳосиб, ревизор, ҳуқуқшинос;
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсионидошта;
- дар давоми ҳафт соли охир аз тарафи суд муфлис эълон нашуда
-
бошанд;
- аз тарафи суд аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошанд;
- оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолият ва барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ дониши кофӣ дошта бошанд.
Барои гирифтани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус, довталабон ба Бонки миллии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсиони дошта.
Дар ариза довталаб бояд мушаххас қайд намояд, ки довталаби кадом намуди шаҳодатнома (барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус) аст.
Телефон барои тамос: (44) 600-32-38
шахси масъул: Бердиев Муслим
Бонки миллии Тоҷикистон,
Департаменти назорати бонкӣ