05.02.2019
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи ҳуқуқ
I
Сардори Бахши санадҳои меъёрӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олии ҳуқуқӣ (ҳуқуқшиноси умумӣ);
- Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ва ё молия ва дар соҳаҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд;
- Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
- Қобилияти баланди таҳлилӣ;
- Маҳорати ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ);
- Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ, русӣ;
- Таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо;
- Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
- Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).
II
Сардори Бахши умури ҳуқуқӣ
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олии ҳуқуқӣ (ҳуқуқшиноси умумӣ);
- Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ва ё молия;
- Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
- Қобилияти баланди таҳлилӣ;
- Маҳорати ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ);
- Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ, русӣ;
- Таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
- Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
- Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
· ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
· Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 18.02 с.2019