22.02.2019
Эълони ОЗМУН
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ
I
Сармутахассиси Бахши тадқиқоти - илмӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
- доштани унвони илмӣ (Master‘s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
- малакаи касбии кор бо компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Рoint, Visio) ҳатмист;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
- доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab ҳатмист;
- доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3-сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ.
II
Мутахассиси пешбари Шуъбаи методология ва
таҳияи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
- дониши сатҳи кофӣ дар соҳаи бонкию молиявӣ ё ҳуқуқӣ;
- доштани қобилияти баланди техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Рoint, Visio) ҳатмист;
- донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотии иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
· ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
· Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
· Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07.03 с.2019