Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи январи соли 2019

Бойгонии ахбор
25.02.2019

Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи январи соли 2019

Дар моҳи январи соли равон сатҳи таваррум1 раванди болоравӣ дошта, ба 0,6 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 0,2 банди фоизӣ (б.ф.) зиёд мебошад.

Дар моҳи баррасишаванда ба сатҳи таваррум асосан афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 1,2 фоиз (саҳм дар таваррум 0,6 б.ф.) ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 0,2 фоиз таъсир расонид. Ҳамзамон, коҳишёбии нархи молҳои ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 0,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Тағйирёбии сатҳи таваррум дар моҳи январи соли ҷорӣ асосан аз ҳисоби афзоиши нархи баъзе аз маҳсулотҳои хӯрокворӣ, аз қабили себ, нок, ангур, помидор, бодиринг ва карам, ки вобаста аз таъсири омилҳои мавсимӣ ба вуқӯъ пайваст, ба қайд гирифта шуд. Инчунин, дар ин моҳ афзоишёбии нархи орди навъи якум низ ба қайд гирифта шуд, ки он 4,6 фоизро ( 0,5 б.ф.) ташкил дод.

Шарҳи бештар: Шарҳи таваррум барои моҳи январи соли 2019

1 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Возврат к списку