Баррасии масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол

Бойгонии ахбор
27.02.2019

Баррасии масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол

Дар доираи ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ 26 феврали соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев мизи мудаввар дар мавзӯи “Масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол” бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ Нигина Анварӣ, коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии мамлакат баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев Ҳайати Гурӯҳи Бонки Ҷаҳониро барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар бахши низоми бонкии мамлакат, бахусус барои эътимод ва боварии Бонки Ҷаҳонӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайси шарик дар дастгирии гузаронидани ислоҳотҳо дар низоми бонкӣ ва ҷиҳати пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ изҳори сипос намуд. Аз ҷумла, барои ҳозирин оид ба фаъолияти коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар самти батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол ва ҷанбаҳои андозии он, ки дар доираи кӯмаки техникӣ тайи чанд соли охир амалӣ шуда истодааст, ибрози андеша намуд.

NBTL5840-1.JPG

Зимни мизи мудаввар Ҳисоботи пешниҳоднамудаи коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сармутахассис оид ба суботи молиявӣ Фернандо Данкоза дар шакли рӯнамоӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳисоботи мазкур идомаи корҳои анҷомдодашудаи Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт, оид ба таҷдид ва батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол буда, аз рӯи Барномаи назорати тавсияҳои Иқдоми FIRST (159759) ва Лоиҳаи суботи бахши молия (P159933), ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва Иқдоми FIRST маблағгузорӣ карда мешавад, омода карда шудааст.

NBTL5836-2.JPG

Зимни муаррифӣ ҷаноби Фернандо Данкоза оид ба бандҳои алоҳидаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бандҳои 27, 115, 144 , ки бевосита ба батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол рабт доранд, бо назардошти гаронии пардохтҳои андозӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ таҳлили мукаммал пешниҳод кард. Ҳамзамон, дар рафти муаррифӣ ҷиҳати мушкилиҳои алоҳида дар роҳҳои ҳалли қарзҳои ғайрифаъол,аз ҷумла ташкил намудани фондҳо, ба фурӯш баровардани қарзҳои ғайрифаъол бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, тамдид ва таҷдиди онҳо, сохтори қарзҳои ғайрифаъол дар тавозун, таъсири низоми андозбандӣ ба ин равандҳо аз ҷониби коршинос таҳлили мушаххас манзур гардид.

NBTL5828-3.JPG

Ҷаноби Фернандо Данкоза ҳолатҳои алоҳидаро аз рӯи Кодекси андоз таҳлил карда, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ кардан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ (МСФО), зарурати таҷдиди назар кардани сиёсати андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф кардани мушкилиҳо дар ин самт, алалхусус дар ҳолатҳои буҳронӣ ба инобат гирифтани имтиёзҳо, ки дар таҷрибаи аксари кишварҳо ба роҳ монда шудааст, таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуд.

NBTL5843-4.JPG

Дар рафти муҳокима аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ суолҳои мушаххас, пешниҳод ва эродҳо вобаста ба масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба суолҳо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ посухҳои мушаххас манзур намуданд. Инчунин, Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нигина Анварӣ, Намояндаи Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Раҳматшо Сайисмонов, Раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Зебо Фатҳидинова, Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, Муовини якуми Раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, намояндагони ҶСП “Спитаменбонк”, ҶДММ ТАҚХ “Финка” дигарон бо пешниҳоду таклифҳо муроҷиат намуданд.

NBTL5854-5.JPG

Зимни машварат инчунин мутахассиси пешбари бахши молияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Кришнамурти Дамодаран тавзеҳоти ҷодибро дар рафти баҳодиҳии мустақил оид ба масъалаи андоз ва батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол манзур намуд. Дар идома, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, мутахассиси соҳаи молияви Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Наргис Почоева аз намояндагони ташкилотҳои қарзӣ даъват ба амал овард, ки пешниҳоду эродҳо ва ё суолҳои иловагии худро метавонанд то санаи 1 марти соли ҷорӣ ба коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ки бо сафари корӣ ва таҳлили маҳз ҳамин масъала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, пешниҳод намоянд.

NBTL5841-6.JPG

Дар интиҳои ҷаласа Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳозирин барои иштироки фаъол ҷиҳати муҳокимаи ҷанбаҳои андозӣ дар коҳиш додани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, ки барои рушди соҳаи бонкӣ ва иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд, даъват ба амал овард. Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки масъалаи мазкур аз ҷониби коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ба баррасии Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози ҶТ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли рӯнамо пешкаш карда мешавад, ки дар оянда барои баррасии масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол кумак хоҳад расонд.

Боиси тазаккур аст, ки Ҳисобот оид ба масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили коршиносони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, аз ҷониби сармутахассис оид ба суботи молиявӣ Фернандо Данкоза, мутахассиси пешбари бахши молияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Кришнамурти Дамодаран таҳти роҳбарӣ ва дар асоси тавзеҳоти Менеҷери GFCFI Махеша Уттамчандани, роҳбари Гурӯҳи корӣ, мутахассиси бахши молия Тим Де Ваан ва Роҳбари Гурӯҳи корӣ, сармутахассиси бахши молия Зарина Одинаева таҳия ва пешниҳод шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку