Вохӯрӣ дар мавзӯи МҚД/МТ/МПСҚО бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
04.03.2019

Вохӯрӣ дар мавзӯи МҚД/МТ/МПСҚО бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28 феврали соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)”, вохӯрӣ баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинӣ бо сухани Директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзуллозода Файзулло ифтитоҳ ёфта, ба ҳозирин доир ба мубориза алайҳи маблағгузории терроризм ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маълумот пешниҳод карда шуд. Файзуллозода Ф. қайд кард, ки муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва даромадҳо аз ин гуна ҷиноятҳо муҳим буда, ҳамкории самаранокро тақозо менамояд.

Файзуллозода Ф. дар баромади худ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаоварро барои ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо аз хариду фурӯши маводи мухаддир тариқи табодули иттилооти дахлдор, даъват намуд. Пас аз анҷоми суханронии Файзуллозода Ф., масъулини Департаменти мониторинги молиявӣ доир ба самтҳои мухталифи алоқаманд бо МҚД/МТ/МПСҚО, рӯнамоҳо манзур намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаи хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин зарурати аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷудо намудани аҳамияти ҷиддӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои ҚД, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар рафти пешниҳоди рӯнамоҳо зикр гардид, ки шумораи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҚД аз сабаби кам ошкор гардидани ин гуна ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ғайрикофӣ мебошад. Бояд гуфт, ки намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар дар рафти вохӯрӣ фаъол буда, ба кормандони Департаменти мониторинги молиявӣ як қатор саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои дахлдор гирифтанд.

Дар интиҳои вохӯрӣ Файзуллозода Ф. ҳозиринро бори дигар ба зиракӣ нисбат ба масъалаҳои МҚД/МТ/МПСҚО даъват карда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон, ба хусус Департаменти мониторинги молиявӣ, барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони мақомоти давлатӣ ба таври фосилавӣ ва мунтазам чорабиниҳои омӯзишӣ баргузор хоҳад кард.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Возврат к списку