Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
07.03.2019

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил

I
Сармутахассис (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
  • таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ - ҳисобдорӣ на камтар аз 3 сол;
  • доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ - Ms Office ва дигар барномаҳо;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.03 с.2019



Возврат к списку