Татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва паҳлуҳои дигари ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъмин намудани устувории молиявӣ зимни мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки аз 4 то 14 марти соли 2019 бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, 5 марти соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар оғози мулоқот Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати ХБА-ро бо шарҳи мухтасари вазъи имрӯзаи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба раванди татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва қурбӣ, тағйирёбиҳо дар бозори дохилии асъор, устувории молиявии низоми бонкӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар он шинос намуда, ба ХБА барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос намуд.
Дар навбати худ роҳбари Ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал аз натиҷаи ислоҳот дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таҳияи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ибрози назар намуд.
Сипас, коршиноси ХБА Мурад Омоев дар мавзӯи “Таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯнамоӣ бо таҳлили мушаххас оид ба вазъи тавозуни савдо бо кишварҳои асосии шарикони тиҷорат ва таъсири он ба қурби самараноки воқеии пули миллӣ, инчунин аз ҷониби коршиноси дигари ХБА Санан Мирзаев дар хусуси механизми идоракунии самараноки захираҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ дар асоси нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар рафти музокира аз ҷониби иштирокдорон оид ба таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, иқтидори содиротии кишвар ва вобастагӣ аз воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сатҳи осебпазирии иқтисодиёти миллӣ мубодилаи назар карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки аз санаи 4 то 14 марти соли 2019 бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ - бонкӣ, ҷиҳати тарҳрезии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳанд дод.