19 апрели соли 2019 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон доир ба истифодаи асъори рақамӣ барои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (ҚД) дар содир кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар ҳамкорӣ бо Агентӣ дар самти ошкор кардани ҳолатҳои ҚД, семинар - машварат баргузор карда шуд.
Машварати мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Раёсати ташкили кор ва назорати Агентӣ Абдуҷабборзода Саидислом ва намояндаи Департамент оғоз гардида, ба ҳозирин доир ба ҳамкории байни ин ду мақомот маълумот пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар доираи ҳамкории Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳолатҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ошкор шуда, ин ҳамкории судманд барои рушди минбаъдаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО мусоидат хоҳад кард.
Баъдан аз ҷониби намояндагони ДММ дар мавзӯи истифодаи асъори рақамӣ барои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (ҚД) дар содир кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта маълумоти муфассал дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод карда шуд. Дар рафти семинар – машварат намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ба саволҳои намояндагони Агентӣ посух дода, иброз доштанд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи асъори рақамӣ ва назорат аз рӯи ин гуна воситаи молиявӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.
Зимни пешниҳоди муаррифиҳо зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ мақомот метавонанд ҳолатҳои марбут ба ҚД-ро ошкор карда, барои рушди минбаъдаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО такони ҷиддӣ бахшанд. Инчунин, таъкид гардид, ки мақомоти салоҳиятдори давлатӣ бояд натиҷаҳои баҳодиҳии хавфи миллии МҚД/МТ-ро дар фаъолияти худ мавриди назар қарор диҳанд. Дар поёни семинар Абдуҷабборзода С. муаррифиҳои намояндагони Бонки миллии Тоҷикистонро қобили дастгирӣ шуморида, иброз дошт, ки баргузории машварати навбатӣ дар ин самт мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Департаменти мониторинги молиявӣ