Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
26.04.2019

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

I
мутахассиси шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (1 ҷой)


Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ(IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии Маркази тасдиқномадиҳии имзои электронии рақамӣ;
  • донистани стандартҳои амнияти иттилоот;
  • донистани технологияҳои IDS/IPS, DLP, VipNet, PKI, экранҳои байнишабакавӣ (firewalls) ва воситаҳои барамздарорӣ афзалият дорад;
  • қобилияти хуби таҳлил намудани маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • ба бонувони соҳибихтисос имтиёз дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 10.05 с.2019


Возврат к списку