26 апрели соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони аввал ва хазинадорони ташкилотҳои қарзии кишвар оид ба самаранокии татбиқи сиёсати асъорӣ дар низоми бонкӣ ҷаласа баргузор гардид.
Пешгирӣ ва таҳлил намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон ба низоми бонкии ҷумҳурӣ аз муҳимтарин масъалаҳое буд, ки дар рафти ин ҷаласа иштирокдорон ба он таваҷҷуҳ карда, муҳокима карданд. Инчунин, дар ҷараёни ҷаласаи мазкур вазъи қурби пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, роҳҳои нигоҳ доштани муътадилии он дар соли ҷорӣ низ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни баромади худ нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкиро дар соли 2018 таҳлил карда, аз беҳтар шудани сифати сандуқи қарзӣ ва коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар он, зиёд шудани амонатҳо ва ҳамзамон беҳтар гардидани вазъи низом дар се моҳи аввали соли 2019 сухан кард. Зикр карда шуд, ки рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар се моҳи соли ҷорӣ нисбат ба се моҳи соли 2018 беҳтар гардида, таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинигардида таъмин карда шуд.
Вобаста ба сиёсати қурбӣ дар кишвар Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба сухан баромада, оид ба татбиқи дуруст ва самараноки сиёсати асъорӣ дар низоми бонкии кишвар ва дар ин самт риояи талаботи муқарраргардидаро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла зикр карда шуд, ки пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ бо риояи талаботҳои муайяншуда, беҳтар кардани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва рафъи монеаҳои сунъӣ дар низом, татбиқи самараноки сиёсати монетарӣ ва асъорӣ бо имконоти истифодаи фишангҳои муосири бонкӣ ва ба ин васила, таъмини хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба манфиати аҳолӣ муҳим мебошад.
Баъдан дар мавзӯи “Муҳокима ва баррасии самаранокии татбиқи сиёсати асъорӣ дар низоми бонкӣ” аз ҷониби масъулини Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон барои иштирокдорон маълумоти васеъ дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод гардид, ки дар он нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар соли 2018, тамоюли тағйирёбии воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ, тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар давлатҳои шарикони асосии савдо ва вазъи бозори хизматрасониҳои интиқолӣ таҳлил ва баррасӣ шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар самти устувории пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, пешгирӣ кардани хавфҳои эҳтимолии асъорӣ бо назардошти таъсири омилҳои беруна ва эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои мавсимӣ ва дар ин замина, шароити мусоид фароҳам овардан ба аҳолӣ дар самти хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ба ин восита, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, васеъ намудани шабакаи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳо, риояи муқаррароти ҷорӣ аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳбарони аввал ва хазинадорони ташкилотҳои қарзии дар ҷаласа ҳузурдошта дастурҳои мушаххас дода шуд.
Шуъбаи матбуот