Иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бойгонии ахбор
01.05.2019

Иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз таърихи 29 апрел соли 2019 таҳти рақами 45 ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот (Федератсияи Русия), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дод.

Идораи низоми пардохт муваззаф шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ нисбати ташкилоти номбурда сабти дахлдор ворид намояд.

Айни замон, НП «BLIZKO» бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба амалигардонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб бо 3 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, фаъолияти худро дар самти интиқоли маблағҳо идома дода истодааст.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку