3 майи соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Комиссияи мазкур Зариф Ализода, Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода, намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва кормандони Департаменти мониторинги молиявии БМТ иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо сухани ифтитоҳии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Комиссия Зариф Ализода ва Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода оғоз гардида, ба ҳозирин доир ба фаъолияти анҷомдодашуда дар самти МҚД/МТ/МПСҚО маълумот пешниҳод карда шуд.
Раиси Комиссия З.Ализода зимни сухани ифтитоҳии худ саҳми Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом назаррас арзёбӣ намуда, таҳияи лоиҳаи “Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)” дар доираи Ҳисоботи баҳодиҳии тарафайни кишвар аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявиро натиҷаи фаъолияти пурсамари ин ниҳод маънидод намуд.
“Яке аз самтҳои дигари ҳамкории судманд - тақвият бахшидани захираи зеҳнии кормандони мақомоти давлатӣ дар рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, то айни замон ҳамчун натиҷаи ҳамкории мутақобилан судманд байни Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ дар шакли муҳокима ва семинар – машварат дар мавзӯъҳои марбут ба самти мазкур баргузор гардидаанд”, - иброз дошт З.Ализода.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар навбати худ оид ба рафти иҷрои “Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)” маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз кормандони Департаменти мониторинги молиявӣ даъват ба амал овард, ки минбаъд низ дар ин самт фаъолияти пурсамарро ба роҳ монанд.
Дар поёни ҷаласа зикр карда шуд, ки Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар ҳамбастагӣ мақомоти дахлдори кишвар метавонанд ҳолатҳои марбут ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризмро ошкор намуда, барои рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом такони ҷиддӣ бахшанд.
Шуъбаи матбуоти БМТ