Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
24.05.2019

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти технологияҳои иттилоотӣ

I
мутахассиси шуъбаи коркард ва пешбурди барномаҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад

  • таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ(IT);
  • таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии Маркази тасдиқномадиҳии имзои электронии рақамӣ;
  • донистани стандартҳои амнияти иттилоот;
  • донистани технологияҳои IDS/IPS, DLP, VipNet, PKI, экранҳои байнишабакавӣ (firewalls) ва воситаҳои барамздарорӣ афзалият дорад;
  • қобилияти хуби таҳлил намудани маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • ба бонувони соҳибихтисос имтиёз дода мешавад.

Идораи низоми пардохт

II

мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои

молиявии рақамӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани таҷрибаи корӣ на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ, донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ/тиҷорати электронӣ/эмиссия/эквайринг/ QR рамз);
  • дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо) донистани қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Excel ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;

III

мутахассиси пешбари шуъбаи назорати низоми пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • доштани таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 (се) солаи бонкӣ дар соҳаи дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва хизматрасонии фосилавии бонкӣ (хизматрасонии пардохтӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия/эквайринги воситаҳои электронии пардохтӣ);
  • доштани дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо), хусусиятҳо, таҳлил ва идораи хавфҳои фаъолияти онҳо;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбурди муросилот;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.

IV

мутахассиси дараҷаи I шуъбаи назорати низоми пардохт (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 солаи бонкӣ дар соҳаи дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ ва хизматрасонии фосилавии бонкӣ (хизматрасонии пардохтӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия/эквайринги воситаҳои электронии пардохт);
  • доштани дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо) донистани қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пешбарди муросилот;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3x4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 14.06 с.2019


Возврат к списку