Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити атроф, назди биноҳои маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, барои истироҳат ва сайругашти меҳмонон ва сокинони пойтахт шароити созгор фароҳам меоварад.
Аз ҷумла, барои зебову назаррабо гардидани саҳни ҳавлии биноҳои маъмурии бонк, кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ва гулгаштҳо шохаҳои дарахтони ҳамешасабз бо тарҳи мувофиқ оро дода шуда, гулҳои мавсимӣ ва садбаргҳои гуногунранг, ки парваришу нигоҳубини онҳо дар замину гармхонаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст,бо тарҳи ҷолиб шинонида шуда, диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Инчунин, бо роҳбарии бевоситаи Роҳбарият ва иштироки фаъолонаи кормандон барои ободу зебо нигоҳ доштанибинову иншооти Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои зерсохтори бонк дар шаҳру ноҳияҳо пайваста ҳашару шанбегиҳои дастаҷамъона ба роҳ монда шуда, иқдоми мазкур минбаъд низ роҳандозӣ карда хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки барои ободу зебо гардонидани назди биноҳои маъмурии Дасггоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ ва гулгаштҳои он зиёда аз 10 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, кӯзаҳои декоративӣ бо гулҳои мавсимӣ насб гардидааст.
Шуъбаи матбуоти БМТ