Оид ба ворид намудани тағйирот ба Тартиби таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ваколатҳо ва талабот ба аъзои он

Бойгонии ахбор
28.05.2019

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Тартиби таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ваколатҳо ва талабот ба аъзои он

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2019, №54 ба Тартиби таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ваколатҳо ва талабот ба аъзои он, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, №61 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2017, №890 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар сархати панҷуми банди 9 тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он раиси Кумита бояд дорои собиқаи кории на камтар аз яксола дар Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ташкилоти қарзии исломӣ ва ё равзанаи бонкии исломӣ бошад. Қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли 2019, бо рақами №8901 ба қайд гирифта шудааст.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку