Барномаҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани маърифати молиявии толибилмон

Бойгонии ахбор
30.05.2019

Барномаҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани маърифати молиявии толибилмон

28 майи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии озмуни барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозикардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, махсусан рушди лаёқати соҳибкорӣ дар ниҳоди насли наврас, дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки БМТ ва Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. 

11 NBTL1356.JPG

Дар маросими ҷамбастии озмун Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон иштирок ва суханронӣ намуда, роҳандозии чунин машғулиятҳоро муҳим ва манфиатовар арзёбӣ карданд ва ба иштирокчиёни озмун барои таҳияи лоиҳаҳои ҷолиб муваффақият таманно намуданд.

22 NBTL1411.JPG

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи баргузории озмун, барои иштирокчиён маҳфили тахассусӣ ташкил карда шуда, толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ тавонистанд давраҳои омӯзиширо гузашта, донишҳои иқтисодӣ ва молиявиро аз бар намоянд. Инчунин, хонандагон давоми се рӯз дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар таҷриба омӯхта, бо ҷараёни кор дар шуъбаҳои гуногуни ташкилотҳои молиявӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

55 NBTL1505.JPG

Дар марҳилаи ниҳоии озмун хонандагони синфҳои 9-11 мактаби таҳсилоти умумии № 20-и шаҳри Душанбе ва мактаби таҳсилоти умумии № 36-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар оянда мақсади кор дар соҳаи иқтисод ва молияро доранд, иштирок намуданд.

Дар фарҷоми озмун аз ҷониби иштирокдорон 11 лоиҳаи тиҷоратӣ таҳия ва манзури ҳайъати ҳакамон гардонида шуд. Пас аз рӯнамоӣ ва муаррифии лоиҳаҳо мақоми аввал насиби Раҳматова Олия бо лоиҳаи “Таҳсилоти фосилавӣ” гардид, ки ба ӯ 3 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. 

44 NBTL1469.JPG

Зарипов Рустам бо лоиҳаи “Заводи шакар” сазовори мақоми дуюм ва 2000 сомонӣ ва Ҳусейнзода Меҳрдод бо лоиҳаи «Болты и Гайки» сазовори ҷои сеюм ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ гардид.

33 NBTL1448.JPG

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҳамкорӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатҳо оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ мунтазам озмуну семинарҳо баргузор карда мешаванд, ки ҳадаф аз он, пеш аз ҳама мусоидат намудан ба баланд гардидани сатҳи саводнокии молиявии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста ба кадом қишри ҷомеа мансуб будани иштирокчиёни чорабиниҳо маҳсуб меёбад.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку