Вокуниш ба маводҳои хабарнигори “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев

Бойгонии ахбор
04.06.2019

Вокуниш ба маводҳои хабарнигори “Азия-Плюс” Пайрав Чоршанбиев

Масъаларо бояд дуруст дарк кард

Дар маводҳои Пайрав Чоршамбиев таҳти унвони “Проценты по кредитам: Какие они должны быть в Таджикистане?» (31.05.2019) ва «Ставка рефинансирования в Таджикистане снижена до 13,25%» (31.05.2019, www.news.tj) сиёсати монетарӣ нодуруст шарҳ дода шуда, меъёри бозтамвил бо меъёри фоизӣ рабт дода шудааст. Аз ин рӯ, барои дарки мавзӯъ пеш аз ҳама бояд мақсади асосии меъёри бозтамвилро дарк намуд, ки меъёри бозтамвил чист ва бо кадом мақсад дар низоми бонкӣ татбиқ мегардад.

Фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳият ва мақсадҳои он ба татбиқи сиёсати монетарӣ яъне танзими ҳаҷми пул, танзим ва назорати низоми бонкӣ ва таъмини фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт равона шудааст.

Боиси зикр аст, ки меъёри бозтамвил фишанги сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, тибқи амалияи бонкҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи вазъи макроиқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаҳон, хавфҳои таваррумӣ ва шокҳои минбаъда муайян гашта, барои маҳдудсозии омилҳои монетарӣ ба вазъи макроиқтисодӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Меъёри бозтамвил тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” меъёри фоизие мебошад, ки бо ин меъёр бонки марказӣ ба бонкҳо қарзро барои таъмини пардохтпазирии кутоҳмуддати ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод менамояд.

Татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ метавонад бо истифода аз фишангҳои гуногуни муосир, ки асоси онҳоро пешниҳоди қарзҳои муҳлаташон кутоҳмуддат дар бозори байнибонкӣ ва таҳким бахшидани бозори коғазҳои қиматнок дар бар мегирад, рушд ёбад ва баҳри таъмини устувории молиявӣ дар иқтисодиёт хизмат кунад.

Аз ин рӯ, “таъсири меъёри фоизи бозтамвил ба меъёри фоизи қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки дар маводҳои муаллиф дарҷ гардидааст, аз нигоҳи назария ва амалияи иқтисодӣ мантиқан дуруст нест, ки меъёри бозтамвилро бо меъёри фоизии ташкилотҳои қарзӣ рабт додааст. Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки мутобиқи моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” мақсади Бонки миллии Тоҷикистон ба даст овардани фоида намебошад ва ин фишанг (меъёри бозтамвил) на балки даромаднокии Бонки миллии Тоҷикистонро зиёд мекунад, баръакс бо роҳи аз муомилот гирифтани маблағҳои пулии зиёдатӣ тавассути барориши коғазҳои қиматнок хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро зиёд мекунад.

Ба ин васила, тайи ду соли охир ҷиҳати тақвият бахшидани таъсири меъёри бозтамвил ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон фишангҳои муосири доимомалкунандаро, аз ҷумла ҷалби пасандоз ва пешниҳоди қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзҳои рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзӣ (14 рӯза ва 28 рӯза) бо ҳудудҳои муайян ба меъёри бозтамвил алоқамандро татбиқ намуда истодааст, ки ин барои беҳтар намудани самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт мусоидат менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади таҳким бахшидани танзими бозори қарзӣ ва мусоидат намудани ба фазои сармоягузорӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ “Оид ба муайян кардани арзиши қарз” аз 24 октябри соли 2017 бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №238/фф таъсис дода шуда, айни замон кори худро фаъолона идома медиҳад.

Зимни фаъолияти худ, Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати таҳлили арзиши қарз ва сиёсати фоизии ташкилотҳои қарзӣ, муайян намудани сабабҳои коҳишёбии қарзи бонкӣ ва монеаҳо барои вусъат бахшидани он таҳлилҳо гузаронид. Дар натиҷаи таҳлилҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати паст намудани хароҷотҳои дуюмдараҷа, кам намудани маржа, таҳлили бозори қарзӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ ва беҳтар кардани муносибату муошират бо муштариён ва дар ин замина тадриҷан коҳиш додани меъёри фоизи қарз бо дарназардошти арзиши захираҳо ва пешбурди фаъолияти бонкҳо тавсияҳо дода шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ барои таҳияи стратегияи фоизӣ бо дарназардошти таҳлили хавфҳои қарзӣ ва идоракунии самараноки пардохтпазирӣ кӯмак расонида истодааст. Дар стратегияи мазкур, маҷмӯи тадбирҳое пешниҳод шудааст, ки барои ба танзим даровардани муносибатҳои молиявии байни ташкилоти қарзӣ ва муштариён равона мегардад. Қайд кард муҳим аст, ки мақсади калидии сиёсати фоизӣ таъмин намудани суботи молиявии низоми бонкӣ мебошад.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва таҳқиқу нашри мақолаҳои иқтисодӣ, барои намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар бо ҷалби коршиносони хориҷӣ якчанд маротиба машғулиятҳои омӯзишӣ доир намуд, ки дар рафти чунин машғулиятҳо маълумот оид ба мафҳумҳои иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ, фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, меъёри бозтамвил, мақсаду таъсири он мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доштанд.

Мутаассифона, бо сабаби он ки сиёсати пулию қарзӣ як самти мураккаби низоми молиявӣ маҳсуб ёфта, барои мутахассисони соҳаҳои дигар, аз ҷумла рӯзноманигорон дарк кардани он мушкил аст, баъзан нашри матолиб дар ин хусус ва шарҳи нодуруст метавонад афкори нодурустро дар ҷомеа ба бор оварад, ки ин дар баъзе ҳолатҳо ҳатто метавонад барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар кишвар таъсири манфии худро расонад.

Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон аз намояндагони воситаҳои ахбори омма хоҳиш менамояд, ки зимни таҳия ва нашри матолиби марбут ба бахшҳои алоҳидаи низоми бонкӣ ва сиёсати пулию қарзӣ аз машварату маслиҳати мутахассисони соҳа то ҳадди имкон бархӯрдор шуда, баъдан маводро ба хонанда ва бинанда пешниҳод намоянд. Мақсад аз вокуниши мазкур, пеш аз ҳама тақвият бахшидани робитаи бонк бо ҷомеа баҳри дуруст ва дар асоси воқеият таҳия ва ба ҷомеа пешниҳод намудани ин ё он мавод буда, баҳри пешгирӣ намудани таҳрифи иттилоотӣ ва ташаккул ёфтани афкори нодуруст дар ҷомеа равона гардидааст.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку