Дар бораи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии БИМА»

Бойгонии ахбор
11.06.2019

Дар бораи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии БИМА»

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 таҳти №63 дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бобҳои 11 ва 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташкилоти суғуртавии БИМА» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.


Возврат к списку