ҶСП “Казкоммерстбонк Тоҷикистон” ба ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” табдил ёфт

Бойгонии ахбор
03.07.2019

ҶСП “Казкоммерстбонк Тоҷикистон” ба ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” табдил ёфт

Дар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” 1 июли соли 2019 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) “Халиқ Бонк Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Қобили қайд аст, ки мутобиқи қарори зикршуда Иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) “Казкоммерстбонк Тоҷикистон” аз таърихи 24 декабри соли 2014 бинобар иваз шудани номгузории ташкилот аз эътибор соқит гардид.

Дар робита ба ин, ба Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдорро ворид намоянд.

Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку