Мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва дар асоси моддаҳои 10-12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” 2 июли соли 2019, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Баракат”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 5 декабри соли 2012, таҳти № 329 дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.
Шуъбаи матбуоти БМТ