12.07.2019
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти ҳисобдорӣ
I
сармутахассиси шуъбаи пешбурди китоби асосӣ ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ ва андоз;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР ҳатмӣ, CIPA афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ (масъалаи андозбандӣ), мақомоти андоз;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- надоштани доғи судӣ;
II
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи пешбурди китоби асосӣ
ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- надоштани доғи судӣ;
- барои занони соҳибтахассус афзалият дода мешавад.
III
мутахассиси дараҷаи I шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ меҳнат;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- малакаи касбии кор дар барномаи 1С, бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- надоштани доғи судӣ;
- барои занони соҳибтахассус афзалият дода мешавад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 26.07 с.2019