Дар бораи ҶДММ “Шарқ Аудит”

Бойгонии ахбор
22.07.2019

Дар бораи ҶДММ “Шарқ Аудит”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2019 таҳти №84 дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, моддаҳои 8 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 9, 11 ва 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бинобар риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарқ Аудит” дар бораи тамдид намудани муҳлати иҷрои иҷозатнома рад карда шуд.

Департаменти назорати бонкӣ барои ворид намудани сабти дахлдор оид ба хориҷ намудани ҶДММ “Шарқ Аудит” аз Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ вазифадор гардид.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку