Ба кор даровардани Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо дар Бонки миллӣ

Бойгонии ахбор
25.07.2019

Ба кор даровардани Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо дар Бонки миллӣ

Бо мақсади рушди инфрасохтори низоми пардохтӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҷавобгӯ намудани низоми пардохтӣ ба талаботҳои замон ва стандартҳои байналмилалӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ (лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”) санаи 19 июли соли 2019 ба ивази низоми амалкунандаи пардохтҳои байнибонкӣ “Низоми муосири автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо”-ро ба кор даровард.

Низоми нав дар асоси технологияҳои муосир сохта шуда, ба стандартҳои маъмули ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад ва дорои як қатор бартариятҳо, аз қабили идоракунии навбатнокии пардохтҳо, набудани маҳдудият ба шумораи пардохтҳо дар давоми рӯзи амалиётӣ, дорои модулҳои муосири интиқоли пардохтҳо дар реҷаи вақти воқеӣ, клиринг ва пардохтҳои босуръат мебошад.

Татбиқи низоми зикргардида самаранокӣ ва эътимоднокии низоми пардохтии кишварро афзун намуда, барои рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ заминаи устувор мегузорад.

Ҳамакнун, ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли пардохтҳо байни ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) бо сураъти баланд ва бетаъхир анҷом дода мешаванд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Пардохтҳои ғайринақдӣ


Возврат к списку