25 июли соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи кӯмаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба идоракунии корпоративӣ барои саҳомон, Шурои нозирон ва раёсати ташкилотҳои қарзӣ” бо иштироки Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Петер Олтерс, мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ оид ба идоракунии корпоративӣ Адалят Абдуманапова ва Ержан Токтабаянов, саҳомон, аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ семинар гузаронида шуд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни баромад изҳор дошт, ки семинари мазкур бо дастгирии бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи Бонки Ҷаҳонӣ “Оид ба тақвият ва баланд бардоштани фаъолияти бахши молиявӣ” ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ роҳандозӣ гардидаст, ки дар идоракунии самарабахши корпоративии низоми бонкии кишвар мусоидат менамояд.
“Ба сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ дар ҳолати риояи принсипҳо ва стандартҳои идоракунии корпоративӣ, мониторинги доимии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ташаккул додани низоми самарбахши идоракунии хавфҳо ва назорату аудити дохилӣ ноил шудан имконпазир аст. Дар бонкҳое, ки низоми идоракунии корпоративиашон дуруст ба роҳ монда нашудааст, барои тамоми низоми молиявии кишвар хавф эҷод мекунанд. Маҳз бинобар надоштани низоми мукаммали идоракунии корпоративӣ дар давраи буҳрони иқтисодии панҷ сол қабл бонкҳо натавонистанд ба шокҳои беруна муқовимат кунанд ва ба мушкилот гирифтор шуданд, ки имрӯз ба низом таъсири бевоситаи худро мерасонанд. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи низоми идоракунии корпоративиро дар соҳаи бонкӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати ислоҳоти худ қарор дода, тайи чанд соли охир баҳри тақвият бахшидани он тадбирҳои зарурӣ меандешад, ки дар ин росто шарикии институтҳои байналмилалӣ низ саҳм доранд, - зикр кард Ҷамолиддин Нуралиев.
Ҷамолиддин Нуралиев ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки мақсади ниҳоии низоми идоракунии корпоративӣ – ин ташаккул ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ буда, ба устуворӣ ва эътимоднокии фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамояд. Зеро ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун миёнаравҳои молиявӣ бо ҷалби сармоя ва ба ин васила дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, дар рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд.
Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ян Петер Олтерс дар навбати худ зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳиммияти идоракунии корпоративӣ диққати махсус зоҳир намуда, оид ба мукаммал намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба идоракунии корпоративии ҷавобгӯ ба таҷрибаи байналмилалӣ чораҳои дахлдор меандешанд.
Дар идома мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ оид ба идоракунии корпоративӣ Адалят Абдуманапова ва Ержан Токтабаянов дар рӯнамоии худ иштирокдорони чорабиниро бо сохти идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон, афзалияти он дар ташкилотҳои қарзӣ, фарқияти идоракунии корпоративӣ дар муқоиса бо менеҷмент, нақши Шӯрои нозирон ва мақоми саҳомон, аз ҷумла ҳайат, уҳдадорӣ, шакли раванди идоракунӣ ва нақши ҳайати котиботи корпоративӣ дар рушди сазовори идорӣ дар ташкилотҳо шинос намуданд.
Дар қисмати ниҳоӣ иштирокдорон вобаста ба саволҳои худ аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд ва дар атрофи мавзӯи идоракунии корпоративӣ муколамаи пурмуҳтаво баргузор гардид.
Шуъбаи матбуоти БМТ