26.07.2019
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Идораи бозори молиявӣ
I
Сармутахассиси шуъбаи захираҳои ҳатмӣ ва коғазҳои қиматнок (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- малакаи касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ);
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ;
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлил ва идораи хавфҳо;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявии кишвар на камтар аз 3 сол.
II
Мутахассиси пешбари шуъбаи захираҳои ҳатмӣ ва коғазҳои қиматнок (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- малакаи касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ);
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ;
- донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
- қобилияти баланди таҳлил ва идораи хавфҳо;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявии кишвар на камтар аз 3 сол.
III
Сармутахассиси бахши феҳрасти қарз (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё олии техникӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер - Ms Office (Word, Excel, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
- донистани забонҳои барномасозӣ ва кор бо ИМИ (Идораи маҳзани иттилоотӣ);
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
- доштани собиқаи корӣ дар Бюрои қарзӣ афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявии кишвар на камтар аз 2 сол.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 4 дона андозаи 3x4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: 600-32-32; 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15.08 с.2019