Бо мақсади таҷлили арзандаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, айни замон дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободгардонии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишию истироҳатӣ босуръат идома дорад.
18 августи соли ҷорӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар маҳаллаи Испечак М1 назди биноҳои истиқоматии 2, 3, 4, 5 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як майдончаи варзишию истироҳатӣ барои наврасон ба истифода дода шуд. Лоиҳаи майдончаи мазкур аз ҷониби ширкати КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Душанбе тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Энергострой” дар муддати ду моҳ ба маблағи наздики 700 000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар тантанаи ифтитоҳи майдончаи варзишӣ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, роҳандозии ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан наврасону ҷавонон саҳми беандоза дорад.
Дар навбати худ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Лола иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор, аз ҷумла пойтахти кишварамон саҳми арзандаи худро мегузорад ва сохтмони майдончаи варзишӣ давоми чунин тадбриҳост.
Дар маросими супоридани майдончаи варзишӣ масъулин аз сокинони шаҳрак барои саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардидани маҳал ва шаҳрак даъват ба амал оварданд. Дар баробари ин аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зебоипарастӣ тарбия намуда, ба қадри ин гуна ободкориҳо бирасанд.
Майдончаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ шудааст, сохта ба истифода дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки майдончаи варзишию фароғатӣ дар масоҳати 900 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншооти варзишӣ аз майдончаи стандартии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, бозиҳои кӯдакона, айвончаҳо бо насби курсиҳои нишаст барои фароғати сокинон иборат буда, бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ ва шаклу усулҳои нави сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Дар ҳавлича ва гирду атрофи он беш аз 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву дарахту буттаҳои ҳамешасабз, 220 метри мураббаъ сабзазор шинонида шуда, барои нигоҳубин ва ҳамеша сабзу мунаввар нигоҳ доштани ҳудуди майдонча хатти об бо обмонакҳои махсус гузаронида шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду соли охир се майдончаи варзишӣ баҳри истифодаи сокинони шаҳр сохта, ба истифода дода шуд. Қабл аз ин, як адад майдончаи варзишӣ бо масоҳати 1086 метри мураббаъро дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва майдончаи дигар дар масоҳати 700 метри мураббаъ дар шаҳраки 33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар буриши кӯчаҳои Ҷаббор Расулов ва Низоми Ганҷавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон майдончаҳои варзишию фароғатӣ ба истифода дода шуда буд.
Шуъбаи матбуоти БМТ