23 августи соли 2019 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон доир ба раванди таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва Стратегияи миллии тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ҳадафи аслии баргузории семинари мазкур омӯзиши имкониятҳо барои муайянсозӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар раванди таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва Стратегияҳои миллии тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муайянсозии модели таҳия, харитаи роҳ ва ба сомон расонидани корҳои зарурии омодабошӣ баён карда шуд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зимни сухани ифтитоҳии худ ба муҳимияти таҳияи стратегияҳои баррасишаванда таъкид карда, зикр намуд, ки рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои молиявӣ водор месозад, ки дар Тоҷикистон низ Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва Стратегияҳои миллии тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ таҳия ва қабул карда шавад.
- Таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва Стратегияҳои миллии тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзии кишвар ва БМТ ба ҳисоб меравад, ки бояд ба таври дастаҷамъона бо вазорату идораҳои марбута ва бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонии муваффақ таҳия карда шавад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки семинари имрӯзаро бо иштироки намояндагони бахши иқтисодии ҳукумат, субъектҳои хусусӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор намоем. Ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таъмини суботу устувории молиявии кишвар тадбирҳои заруриро андешида, барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, тақвият бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ барномаҳои алоҳидаро амалӣ намуда истодааст, аммо таҳияи стратегияҳои мазкур ногузир аст, - иброз намуд Лола Салимова.
Баъдан, Мутахассиси миллӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, намояндаи дафтари Швейтсария оиди ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Малика Ибрагимова cуханронӣ намуда, зикр кард, ки семинари мазкур барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешрафта ва истифодаи он дар ҷараёни таҳияи стратегияҳои миллӣ мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни семинар вазъи соҳаи фарогирии молиявӣ, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, раванди таҳия ва татбиқи стратегияҳои зикршуда, монеаҳои мавҷудаи калидӣ дар самти фарогирии молиявӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, иштирокчиёни семинар доир ба ҷараёни таҳияи стратегия, шарҳи марҳилаҳои асосии раванди татбиқ, мушаххас намудани муҳлати амалии он, арзёбиҳои ибтидоӣ ва нақшаи фаъолияти минбаъда муҳокимарониҳо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар семинари мазкур мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа, Агентии омор, субъектҳои бахши хусусӣ, аз ҷумла, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна, операторони алоқаи мобилӣ, Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон ва як қатор созмонҳои байналхалқӣ иштирок намуданд.
Баргузории семинари мазкур имкон фароҳам овард, ки иштирокчиёни он бо вазъи кунунии соҳаи фарогирии молиявӣ ба таври муфассал шинос шуда, аз мушкилоти дар ин самт мавҷуда огоҳ гарданд ва барои рафъи онҳо чораҳои мушаххас андешида, дар раванди таҳияи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ва Стратегияҳои миллии тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.
Шуъбаи матбуоти БМТ