Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Стратегияҳои миллӣ оид ба маърифати молиявӣ”

Бойгонии ахбор
17.09.2019

Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Стратегияҳои миллӣ оид ба маърифати молиявӣ”

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ, рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2019, дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои СҲИР, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва вазорату ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Стратегияҳои миллӣ оид ба маърифати молиявӣ” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва саводнокии молиявӣ мебошад, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳаммонанди Бонкҳои марказии дигар давлатҳо дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ баҳри таҳия ва татбиқи минбаъдаи “Стратегияи миллӣ оид ба маърифати молиявӣ” табодули таҷриба менамояд. Дар доираи конфронси мазкур Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки масъули баргузории ин чорабинӣ мебошад, баҳри таҳия ва татбиқи минбаъдаи “Стратегияи миллӣ оид ба маърифати молиявӣ”дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳаммонанди Бонкҳои марказии дигар давлатҳо дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ табодули таҷриба намуданд.

NBTL7296-11.JPG

Чорабиниро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова ҳусни оғоз бахшида, барои дар ҳамоҳангӣ баргузор намудани чунин як чорабинии муҳими байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ арзи сипос баён намуд.

-Конфронси мазкур барои таҳияи асосҳои ташаккули “Стратегияҳои миллӣ оид ба маърифати молиявӣ” дар заминаи омӯзиши таҷрибаҳои байналмилалӣ бахшида шудааст. Дар чорабинии мазкур намояндагони ҳашт давлати дунё, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, қарзӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок доранд. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чорабинии мазкур барои рушди фаъолияти минбаъдаи ҳамкориҳои мо дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод. Бахусус масъалаи “Маърифати молиявӣ барои муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо”, ки дар рафти ин семинар таҳлил карда мешавад, метавонанд барои дарк ва бартараф намудани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта мусоидат намояд,-иброз намуд Лола Салимова.

NBTL7530.JPG

Дар навбати худ, намояндаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд Елена Митеева дар бораи “Лоиҳасозии Стратегияи миллии саводнокии молиявӣ”, “Саводнокиии молиявӣ барои муҳоҷирон ва аъзоёни оилаҳои онҳо” ва “Сохтори идоракунии самаранок ва харитаи роҳи Стратегияи миллии саводнокии молиявӣ, муовини сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ Улуғбек Бозоров доир ба “Қадамҳои амалигардонии Стратегияи миллии саводнокии молиявӣ”, Далер Муродалиев, сардори Шуъбаи саводнокии молиявии Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ вобаста ба мавзӯъҳои калидии таҳияи стратегияи миллии саводнокии молиявӣ ва намояндаи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд Кирил Косеев оид ба “Лоиҳасозии барномаҳои самаранок оид ба саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон ва аъзоёни оилаҳои онҳо” бо рӯнамоҳо баромад намуданд.

Ҳамчунин, дар семинари мазкур намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷамила Токмамбетова аз Бонки миллии Қирғизистон, Фараҳ Алиева аз Бонки марказии Озарбойҷон, Лазиз Мирзоев аз Бонки миллии Ӯзбекистон оид ба таҷрибаҳои давлатҳои худ дар самти татбиқи стратегияи миллии саводнокии молиявӣ маърӯзаҳо қироат намуданд.

NBTL7564.JPG

Дар рӯзи дуюми семинар, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба машғулиятҳои амалӣ нигаронида шуда буд, иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои “Самаранокии сохтори идоракунӣ ва харитаи роҳи амалии Стратегияи миллии саводнокии молиявӣ” ва “Таҳияи барномаи самараноки саводнокии молиявӣ барои муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо” мубодилаи афкор намуда, кӯшиш намуданд, ки лоиҳаи стратегияҳои худро таҳия намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар рафти омӯзиш ва муҳокимаронии мавзӯъҳо вобаста ба “Стратегияҳои миллӣ оид ба маърифати молиявӣ” аҳли нишаст фаъолона иштирок намуда, оид ба таҷрибаҳои худ дар масъалаҳои марбут андешаҳояшонро баён доштанд.

NBTL7686.JPG

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова барои саҳмгузорӣ дар ташкили чорабинии мазкур ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии мардум ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) – форуми байналмилалиест, ки ба ҳукуматҳои кишварҳои гуногун имкони муқоиса ва табодули таҷриба дар самти сиёсати иқтисодӣ, пайдо кардани таҷрибаи пешқадами кориро фароҳам оварда, дар самти оммавигардонии хулоса ва тавсияҳое, ки ба беҳтар шудани вазъи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад, саҳми назаррас дорад.

NBTL7247.JPG

Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ соли 2008 ташкил шуда, беш аз 240 ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла бонкҳои марказӣ, мақомотҳои назорати молиявӣ, вазоратҳои молия ва маорифи беш аз 115 давлатро муттаҳид намудааст. Методология ва принсипҳои асосии саводнокии молиявӣ, ки Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ пешниҳод менамояд, мисли дигар форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҷониби кишварҳои “Гурӯҳи бистгона” қабул ва ҷонибдорӣ шудааст. Аъзоёни Шабакаи байналмилалӣ оид ба маърифатнокии молиявӣ дар ду сол як маротиба мулоқот намуда, табодули таҷриба менамоянд ва афзалиятҳои стратегӣ ва чораҳои зарурии мутавозини сиёсати иқтисодиро баррасӣ мекунанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку