Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
25.10.2019

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор

I

сармутахассиси шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё муҳосибӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, амалиётҳои хазинадорӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – MsOffice (Word, Excel, PowerPoint) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалиятдорад;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар низоми “SWIFT”;
  • малакаи касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ);
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • надоштани доғи судӣ;

II

мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё муҳосибӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, амалиётҳои хазинадорӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ);
  • доштани таҷрибаи корӣ дар низоми “SWIFT”;
  • малакаи касбии кор бо компютер – MsOffice (Word, Excel, PowerPoint) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • надоштани доғи судӣ;

III

мутахассиси дараҷаи I шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё муҳосибӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
  • доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, амалиётҳои хазинадорӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
  • малакаи касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ);
  • малакаи касбии кор бо компютер – MsOffice (Word, Excel, PowerPoint) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • доштани таҷрибаи корӣ дар низоми “SWIFT”;
  • доштани сертификати муҳосиби касбӣ – САР афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
  • надоштани доғи судӣ;

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 4 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • Нусхаи билети ҳарбӣ;
  • Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

Ҳуҷҷатҳо бо нишонии зерин қабул карда мешавад:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А, Идораи кормандон
  • барои маълумот – тел: 600 32 32; 600 31 38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 08.11 с.2019


Возврат к списку