Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба маводи Радиои Озодӣ - “Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки миллӣ”, ки санаи 29 октябри соли 2019 дар сомонаи ин нашрия (https://www.ozodi.org/a/30241598.html) интишор шудааст, чунин иттилоъ медиҳад:
- Бонки миллии Тоҷикистон тибқи талаботи банди 3-и“Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд”[1] (минбаъд Тартиб), ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №129 тасдиқ шудааст, ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, рӯйхати шахсони бо терроризм алоқамандро дар сомонаи расмии худ ҷойгир менамояд.
Бояд зикр кард, ки рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби мақоми ваколатдори субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда муайян гардида, баъдан мутобиқи Тартиб таҳия гардида ба Бонки миллии Тоҷикистон танҳо барои дар сомона ҷойгир намудан пешниҳод карда мешавад ва тартиб додани рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дар салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон нест.
Бояд қайд намуд, ки дар бандҳои 9, 23, 24 ва 25-и Тартиб асосҳо барои ба рӯйхати миллӣ дохил кардан ва хориҷ намудан аз он оварда шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки Тартиб мутобиқи талаботҳои Қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ), Гурӯҳи тадбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ба роҳ монда шудааст.
Шуъбаи матбуот