Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ ва гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2019 анҷом меёбад, озмун эълон мекунад. Озмун дар доираи чор ширкати бузургтарини ҷаҳонӣ, ки бо номи “Чоргонаи бузург” эътироф шудаанд, маҳдуд мегардад.
Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 15 ноябри соли 2019 тамдид карда шуд.
Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишонии зерин ирсол намоянд:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А,
Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти аудити дохилӣ.
Тел.: +(992 44) 600 3140, +(992 44) 600 3284,
е-mail: b_kholiqov@nbt.tj; n_salikhova@nbt.tj
Маълумоти асосӣ дар бораи хизматрасонӣ ва шароити кор дар Замимаи1 баён шудааст.