Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25- солагии Конститутсияи ҶТ

Бойгонии ахбор
05.11.2019

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25- солагии Конститутсияи ҶТ

5 ноябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 25-умин солгарди санади сарнавиштсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Ҷамъомадро сардори Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Давлаҳмад Гадоев ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 25-солагии қабули ин санади таърихӣ табрику таҳният намуда, қайд кард, ки ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар таърихи давлатдории миллии мо рӯйдоди воқеан бузург мебошад.

NBTL1221.JPG

Дар ибтидои ҷаласа аз нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят муҳим арзёбӣ карда шуда, қабули ин санади таърихӣ дастоварди бузурги мардуми кишвар баён гардид. Зикр карда шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт. Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шудааст.

Дар идома, доктори илмҳои филология, сардори Шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов дар суханрониаш қайд намуд, ки санаи 6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз, санаде, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудааст. Маҳз ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи башар ҳамчун беҳтарин санади қонунгузорӣ этироф гардидааст.

NBTL1255.JPG

Дар идомаи нишаст, сардори Шуъбаи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Беҳзод Расулов изҳор дошт, ки ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати навтаъсис, аз ҷумла давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст. Ин  меъёр, яъне тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи интихоби тақдири ояндаи худ ва кафолати Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо ва қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мо маҳсуб меёбад, ки онро бо тамоми ҳастии худ ҳифз намоем, -таъкид дошт зимни суханронии худ Беҳзод Расулов.

Дар қисмати ҷамъбастии маҷлиси тантанавӣ иштирокдорон вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ


Возврат к списку